Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

дастанд, ки ин духтари дилсофу покният будааст. Ӯро дуо кардаанд:

– Худовандо, мушкили ҳамин духтарака осон гардон! Бигир, тугуни пахтаатро. Роҳат сафед. Пахтаро бурда ба говат бидеҳ, вай мехӯраду аз қафош чигит карда, ресида, кулӯла карда медиҳад. Минбаъд говат бо ту гап мезанад. Ҳар мушкиле, ки ба сарат меояд, бо ҳамун говат машварат кун. Ҳоло ба ин роҳ рав. Аз пешат як об мебарояд, рангаш сиёҳ. Дар он об фақат мӯю қошу мижонатро бишӯ. Боз каме ки рафтӣ, оби дигар мебарояд, оби сафед. Дар ун об рӯятро бишӯ, дасту панҷоҳятро бишӯ, оббозӣ кун. Боз, ки меравӣ, аз пешат як оби дигар мебарояд, дар он моҳу ситора намоён аст. Дар ин об фақат пешонаву манаҳатро бишӯ.

Бибиҳо аз мо ёдгор гуфта ба духтар як дастрӯймолак доданду гуфтанд, ки:

– Ҳаргиз инро ба касе надеҳ. Аз худат ҳеҷ гоҳ дур накун. Агар бадани касе захмдор шавад, бо он сила кунӣ, дуруст мешавад.

Маҳтоб бибиҳоро ба оғӯш кашида, ба паноҳи худо мегӯяду чун арзи адаб, таъзим карда, рӯ ба бибиҳо, қафо-қафо аз ғор баромада меравад. Ба назди говаш меояд. Гов имрӯз бисёр чаридасту пистонаш пури шир шудааст. Пахтаро ба гов мехӯронад. Вай хӯрда, чигит карда, ресида, кулӯла карда медиҳад. Духтар инро дида шод мешавад. Баъд, тавре ки бибиҳо гуфтанд, амал мекунад. Аз роҳе, ки онҳо гуфтанд меравад. Аз пешаш оби сиёҳ мебарояд, ба он об мӯю қошу мижонашро мешӯяд. Ҳама сип-сиёҳу хушнамо

пешина
аз 264
навбатӣ