Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

КӯдаконНаврасонАфсона
Аз аввал хондан

— Дуруд бар шумо — гуфтаст.
Яке аз онҳо гуфтаст:
— Дуруд, бар ту. Духтараки боадаб будай. Ин тугуни пахтаи ту?
Маҳтоб гуфтаст:
— Бале, аз ман. Ман дар дасти моиндар ҳастам. Ин пахтаро агар то бегоҳ чигит карда, ресида, ришта набарам, вой бар ҳоли ман. Иҷозат диҳед, тугунамро бигирам.

Бибиҳои фаришта ба якдигар нигоҳ кардаанду духтарро имтиҳон кардан хостаанд. Яке гуфтаст:
— Мо медонем. Ту парво накун. Пахта меистад, ту хез ҳамин моҳонро зада-зада бурда, дар он ҳавз оббозӣ дароварда биёр.

Маҳтоб ин се бибиро озоре надода, ба ҳавз бурда, сарашонро шуста, шона карда, хушк карда, мӯяшонро бофта, либосашонро шуста, боз оварда ба сари ҳамон суфа шинондаст.
Баъд бибии дигар гуфтаст:
— Духтарам, сарамон хориш мегирад, сари моҳона бин.

Сарашонро дидаст.
Бибии сеюмӣ гуфтаст:
— Хез, рафта, хонаи моро рӯфта тоза кун, баъд тугунатро гирифта мебарӣ.

Маҳтоб хонаҳоро рӯфта тоза кардаст, таги гилемҳоро бардошта мерӯфтаст, ки пури тиллою танга. Ягон дона нагирифтаст. Баъди тамоми шудани корҳо, бибиҳо Маҳтобро ба аргунчак шинонда, бод доданд, ки аз баданаш ягон тиллову танга нарехтаст. Бибиҳо аз ин санҷишҳо фаҳми-

пешина
аз 264
навбатӣ