Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Наҳанг захмин шавад, бо оби чашмат шӯй, зуд гум мешавад.
Чаҳтоб шодӣ кард, ки хушрӯ мешавад. Гуфтаи бибиҳоро анҷом дода сару рӯю мӯю абрӯю пешониро ба об шуст. Ҳамин ки ба оби охирин пешонаро шуст, як мор аз гӯшони ва як аждаҳо аз манаҳаш баромад. Ин аҳволро дида гирёну нолон ба хона расид. Модарашу Маҳтоб ин сару рӯйро дида талхакаф шуданд. Аждаҳову мор ба вай ҳуҷум карданд. Модараш зуд қайчиро гирифта бурид.
Духтараш бо оби чашмаш шуст, ки гум шуд.
Моиндар ин ҳолатро дида, аз рашк Маҳтобро зери мушту лагад гирифт. Доду фиғон кашида гуфт:
— Ту чаро хушрӯй шудию духтари ман безебу ба ин аҳвол гирифтор гашт?
Дигар модару Чаҳтоб бо шаку шубҳа Маҳтобро мепоиданд. Маҳтоб зор-зор гиря карда, ба назди говаш рафту бароиш як мушт кишмишу як пора набот дода, дилашро холӣ кард. Гов, ки гап мезад Маҳтобро тасалло дод. Чаҳтоб дид, ки духтар бо говаш гап мезанад. Зуд ба модараш хабар дод. Моиндари хурофотпараст давида ба назди фолбин омаду ҳамаи воқеаро гуфту аз гови Маҳтоб шубҳа кард. Фолбин гуфт:
— Агар ҳамун говро бикушӣ, ҷонат халос. Ба хона рафта нони чапотӣ пухта қоқ мекунӣ. Нонро ба қабурғаву камарат баста хоб меравӣ.
Ҳамин ки шавҳарат омад, ин тараф он тараф тоб мехӯрӣ нон қарап-қарап мекунад. Ба шавҳарат гӯй, ки фалон фолбин маро табобат мекунад.
Моиндар гуфтаи фолбинро карду бегоҳӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё