Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
МУШИ ЗИРАК
Буд, набуд, дар замонҳои қадим дар як бешазори азим шикорчие буд, ки ҳайвонҳои гуногунро сайд мекард. Дар ҳамон ҷо дар таги дарахте мушаке низ мезист, ки вай бисёр зираку хушёр, донову эҳтиёткор буд. Онсӯтар дар байни буттаҳо як гурбаи ваҳшӣ ҳам буд, ки вай мушҳоро шикор карда нӯши ҷон мекард, вале ин муши зиракро гирифта наметавонист.
Ин макон барои шикорчӣ хеле муносиб буд. Рӯзе шикорчӣ омада ба таги ҳамон дарахт ба доми худ пораи гӯшт баст ва домро он ҷо гузошту рафт, то сайде ба домаш афтад. Аз қазо, ҳамон гурбаи ваҳшӣ бӯи гӯштро фаҳмида ба доми шикорчӣ афтод. Ҳамон лаҳза муши зирак низ аз сӯрохи худ берун баромада, ба пеш давид, ки чизе барои хӯрдан пайдо кунад.
Вале ногоҳ гурбаро дид ва аз ҳайбати вай тарсиду ларзид. Бо тарсу ҳарос ба гурба нигоҳ кард, ки як пои паси гурба ба дом афтодааст. Худоро шукр гуфт. Хост ба қафо, ба сӯрохи худ баргардад, ногоҳ дид, ки ҳайвони дигар чашм ба ӯ дӯхтааст. Муши зирак ба болову поён нигоҳ карда, роҳи наҷотро ҷусту ба болои дарахт нигарист. Дар болои дарахт низ зогеро дид, ки вай ҳам интизори шикор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё