Зеҳн
Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа

АфсонаКӯдаконНаврасон
Аз аввал хондан

Муш ҳайрон монд, ки чӣ кор кунад. На ин тараф ва на он тараф, ба ҳеҷ куҷо рафта наметавонад. Агар аз роҳи гурбаи ба дом афтода гузарад, вай бо ҷангаш гирифта мехӯрад. Агар ба қафо гардад, ба панҷаи ҳайвони мушхӯр меафтад. Агар дар ҷояш истад туъмаи зоғ мешавад. Муши зирак ба фикр рафту аз миёни ин балоҳо халос шуданро ҷуста, худ ба худ гуфт: «Ягона наҷоти ман - ин кор гирифтан аз хирад аст. Фақат ба воситаи хирад метавон роҳеро пайдо кард». Каллаи муш кор карду дар дил гуфт, ки: «Дар ин ҳолат ба ғайр аз зуд ба назди гурба рафтан чораи дигар нест. Вақте ки ман ба назди гурба равам дигарон аз тарси ҳайбати ӯ ба ман ҳуҷум намекунанд». Муши зирак фикркунон назди гурба рафту боз ҳам худ ба худ гуфт: «Ҳоло гурба ба дом афтодааст. Мӯҳтоҷ аст. Агар вай гапи маро гӯш кунаду ба ман ваъда диҳад, ки пас аз наҷот ёфтанаш аз дом ба ман коре надорад, он гоҳ ҳар ду аз паи кори худ меравем». Муш ба назди гурба расиду пурсид:
– Эй гурба, ба ту чӣ шуд?
Гурбаи ғамгин ҷавоб дод:
– Мебинӣ, ки поям банд аст, намедонам, ин аҳвол то вақте чанд аст.
Муши зирак гуфт:
– Ту далер будию хушёр, чаро шудӣ ба ин бало гирифтор?
Гурба оҳиста, бо нигоҳи мададҷӯёна ба муш нигоҳ карду гуфт:
– Поям чунон омада ба дард, ки аз зиндагӣ дилам шуда сард.
Муш ҳоло фаҳмид, ки гурба мӯҳтоҷи ӯст. Барояш гуфт:

пешина
аз 264
навбатӣ