Оинаи ҷаҳоннамо (Афсонаҳои халқи тоҷик)

Ин китоб маҷмӯаи афсонаҳои халқи тоҷик аст, ки аз бойгонии фолклоршинос Равшан Раҳмонӣ гирд оварда шудаанд. Афсонаҳо барои рушди тахайюли кӯдакон ва наврасон аҳамияти калон доранд.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 264 саҳифа
Лӯхтак мегӯяд:
– Баргаштаст? Ман мебудам, барнамегашам.
Шаҳзода мегӯяд:
– Бале, вафодориро бин, баргаштаст. Донакро коштанд. Пас аз чил рӯз меваи зардолу пухтаст. Рӯзи чилу якум подшоҳ як пири бемори нимҷонро оварда ба боғбон гуфтаст, ки як дона аз меваи зардолу орад.
Лӯхтак мегӯяд:
– Пирамард мехӯраду саломату ҷавон мешавад.
Шаҳзода мегӯяд:
– Не, сабр кун. Пирамард зардолуро хӯрдасту мурдаст.
Лӯхтак мегӯяд:
– Э вой, бечора.
Шаҳзода мегӯяд:
– Подшоҳ сари булбулро аз тан ҷудо кардаст. Дар тамоми кишвар гапи аз хӯрдани зардолу мурдани пирамард паҳн шудаст.
Лӯхтак мегӯяд:
– Бидуни пурсиш сар буридаст?
– Бале! Гӯш кун баъд чӣ мешавад. Ин гапро шунида як мӯйсафеди камбағалу касал пинҳонӣ ба боғ даромадаст. Ба болои дарахти зардолу баромада, зардолу хӯрдан гирифтаст, то ки зудтар мурад. Вале пирамарди бемору камбағал намурдаст, баръакс, солим ва ҷавони зебо шудаст. Дар ҳамин вақт боғбон омада, вайро дузд гумон карда меқапад, кашола карда ба пеши подшоҳ мебарад.
Лӯхтак мегӯяд:
– Худо зад бечораро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё