Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Тақлид бар ғазали Ҳофиз
«Ин чӣ шўрест, ки дар даври қамар мебинам»,
Ин ҳама бедодӣ аз бани башар мебинам.
Медарад ҳар нафасе Рустами ҷаҳл қалби писар,
Ки об аз дидаи Таҳмина ба дар мебинам.
Шуда беқадру залил аҳли адаб дар ҳама ҷо,
Ҳама ҷо бехирадон бологузар мебинам.
Падарон меҳргусил гашта зи фарзанди ҷигар,
Ҳамаро шефта бо зани дигар мебинам.
Духтаронро нест дигар заррае шарму ҳаё,
Ҳамаи носеҳагонро гунгу кар мебинам.
Шуда бар тарфи чаман зоғу заған нағмасаро,
Зи гулу булбули боғ на ҳеҷ асар мебинам.
Писарон гашта фирорӣ зи ватан дар ғурбат,
Модаронро ҳама ҷо хуни ҷигар мебинам.
Ё раб, ин наҳсият бар зи Ватан бебозгашт,
Ки бақои тоҷиконро ба хатар мебинам.
Июни соли 1993

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё