Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър

Маълумотнома Ҳоҷиева Фирўза Абдуқодировна соли 1966.12.12 дар деҳаи Навдонаки Ҷамоати Қалъаи сурхи ноҳияи Ғарм (Рашти имрўза) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ў соли 1984 мактаби миёнаи №11-и деҳаи Войдараро ба итмом расонда, соли 1998 ба факултаи филология, Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дохил гардида, онро соли 2003 ба итмом расонд. Фирўза соли 2005 ҳуҷҷатҳояшро ба Академияи илмҳои педагогӣ супурда, дар мавзўи «Масъулияти волидайн дар тарбияи исломии фарзанд» таҳти роҳбарии академики Академияи илмҳои педагогӣ, доктор Файзулло Шарифзода соли 2009 рисолаи илмии худро дифоъ намуд.
Дар ин рисола Ҳоҷиева Фирўза, дар асоси анъанаҳои пурарзиши исломӣ ва таълимоти Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ, назари чанде аз исломшиносони ҷаҳони Ғарбу Шарқ нисбат ба мавқеи ислом дар боби тарбия, истифодаи дурусту бамавриди он дар тарбияи насли ҷавон, бартараф кардани падидаҳои номатлуби ҷаҳони имрўза, аз қабили майхорагӣ, истифодаи маводи мухаддир, беқурбшавии оила ва ғайраҳо мулоҳизаҳои судманд пешниҳод кардааст.
Рисола ба донишҷўён, устодон, омўзгорон ва таҳқиқотгарони масъалаҳои таълим ва тарбия, волидон ва алоқамандони илми педагогика пешниҳод гардидааст.
Хонандаи закитабъ аз он барои худ бардоштҳои хуб ва судманд карда метавонад.
Рисола зери назари Файзулло Шарифзода, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидааст.
Соли 2005 Фирўза бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои педагогии Чумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Теҳрон ба мудати чаҳор моҳ пажўҳиши илмӣ намудаааст. Дар он ҷо зери роҳбарии доктори илмҳои адабиёт ва улуми инсонӣ Хонум Ҳумайро Зумурудӣ рисолаеро бо номи «Тарбият ва ахлоқ дар «Бўстон»
ва «Гулистон»-и Саъдӣ дифоъ намудааст. Ў азми қавӣ дорад, ки афкори илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиявии ниёгони хирадмандамонро ба қалами таҳқиқ бикашад ва дурдонаҳои пурарзиши онро ба муаллимон, муҳассилин, пажўҳишгарон ва волидайн пешкаш намояд.
Дар қадами нахуст олимаи ҷавон ба осори тарбиятии Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ рў оварда, афкори педагогии ин марди

аз 75
навбатӣ