Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

бузургворро дар панҷ фасл: осор ва зиндагии Саъдӣ, ахлоқӣ мардум, ахлоқӣ подшоҳон ва салотин, ахлоқӣ донишмандон ва хирадмандон, ахлоқӣ орифон ва дарвешон мавриди таҳлил ва маънидод қарор додааст. Таҳлил ва маънидодҳои пажўҳишгари ҷавон саросар исботкорона буда, назари бикрест ба ақоиди тарбиятии Саъдии бузург ва илми педагогикаи муосири тоҷик.
Фирўза солҳо дар вазифаҳои мухталиф кор ва фаъолият кардааст. Аз ҷумла соли 1999-2001 хабарнигори рўзномаи Кумитаи ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Чавонони Тоҷикистон », 2001-2002 хабарнигори рўзномаи Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум», 2002-2006 хабарнигори Агентии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ховар», 2006-2012 дотсенти кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода, аз соли 2012 дотсенти кафедраи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам- Абўҳанифа ва котиби илмии Иститути забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоҳ Рудакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2019 то имрўз дотсенти кафедраи психология ва сотсиологияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фирўза аз ҷумла, муаллифи маҷмўаи шеърии «Ашки модар» ва рисолаҳои илмии «Кўдакро чӣ гуна тарбият бояд кард?», «Фалсафаи таълим ва тарбият», «Тарбият ва ахлоқ дар «Бўстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ», «Масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд», дастури таълимии «Педагогика», китоб барои хатмкунандагони донишкадаи исломӣ «Педагогика» ва 150 мақолаҳои илмӣ ва низ мураттиби китоби «Боқинома», ки аз ёдоштҳои аҳли адаб, шоирону нависандагон дар солҳои гуногун иборат мебошад.
Ҳоло бошад таҳти назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода рисолаи докториро дар мавзўи «Масъалаҳои тадқиқ ва нашри осори Саъдӣ дар кишварҳои собиқ Шўравӣ» кор карда истодааст. Дар охир мехоҳем маҷмўаи «Ашки модар», ки ба пешгуфтори шоираи ширинкалом Меҳринисо ба нашр расидаанд, пешниҳоди шумо намоем.

пешина
аз 75
навбатӣ