Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
РАҲОВАРД Фирўза бонуи хушзавқ ва шеърдўст буда, худ низ андешаҳояшро рўи қоғаз меоварад. Олами шеър гуворою дилписанд аст, аз ин рў ҳар инсони соҳибдил барои таскини дил, баёну розу ниёз ва шукўҳи рўҳу равонаш рў ба меҳроби шеър меоварад.
Фирўза низ лаҳзаҳое, ки дилаш ғарқи ҳавас мешавад, қалам ба даст мегирад то дарду дастовард, шодию фараҳ ва ҳолатҳои рангини эҳсосашро ба риштаи назм бикашад.
Ҳангоме, ки меҳри Ватану ватандорӣ дар ниҳодаш афзун мешавад, ҳангоме, ки ба фарзандонаш панд мегўяд, ҳангоме, ки аз дилбараш шиква мекунад ва ин ҳангомаҳои тўфонии дилашро мехоҳад ба забони шеър муназзаму мураттаб баён намояд, умедвор аст, то рўзе ин талошу таманнояш ўро ба мақсуд бирасонад.
Навиштаҳои Фирўзаро варақ мезанам, кўшишҳояшро баёни андешаҳояш меҷўям:
Шамъ дорад эътибор аз сўхтан, Сўзан аз чоки парешон дўхтан…
Ва дармеёбам, ки заҳмати зиёде ўро дар пеш аст.
Фирўзаро чун ҳамаи навраҳони ҷодаи ишқ ҷуръату омўзиш ва сабру озмоишҳои ҷиддиву заҳматталабе мебояд, то ба мурод бирасад.
Меҳринисо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё