Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баҳори ман гузашт
Боз омад навбаҳор, аммо баҳори ман гузашт,
Боз шўр асту шарар ,шўру шарори ман гузашт.
Булбулу гул ҳарду ҳамрозанд дар тарфи чаман,
Бе аниси рўзгор ин рўзгори ман гузашт.
Боз рўяд аз замин гуллолаҳои арғувон,
Боз ишқ бедор мегардад ба қалби ҳар ҷавон.
Боз абри навбаҳор гавҳарфишонӣ мекунад,
Бо навою бо сурур сарчашма мегардад равон.
Кай баҳоре мерасад то, ки баҳорам оварад,
Кай баҳоре мерасад пайғоми ёрам оварад.
Бо умеди бахт биншаста ба роҳи зиндагӣ,
Қосиди наврўз умри бобарорам оварад.
Боз бингар ғунчаро аз нав табассум мекунад,
Боз бишнав андалеб аз нав тараннум мекунад.
Лек кайҳо рахт баста ханда аз лабҳои ман,
Боз Маҳфўзро шунав аз ғам такаллум мекунад.
Майи соли 1994

пешина
аз 75
навбатӣ