Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Метарсам
Аз шуру шари дунё,
Аз ҳар хатари дунё.
Аз ҳилагари дунё,
Метарсаму меларзам.
Ҷуръафиганӣ дунё,
Паймоншиканӣ дунё.
Аз ҳар шикани дунё,
Метарсаму меларзам .
Аз бешу ками дунё,
Ҳаргиз набувад бокам.
Аз печу хами дунё,
Метарсаму меларзам.
Беморию бедодӣ,
Бошад зи паи шодӣ.
Аз шоду ғами дунё,
Метарсаму меларзам.
Ҳам зўрпараст дунё,
Ҳам зарпараст дунё.
Аз зуру зари дунё,
Метарсаму меларзам.
Июни соли 1993

пешина
аз 75
навбатӣ