Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Сабр
Босабр то нагардӣ коми ту бар наояд,
То хуни дил нагардӣ умед ба сар наояд.
То чун шамъ насўзӣ бенур дар ҳаётӣ,
То бар ҳама насозӣ маҳрум аз нишотӣ.
То оташе набошӣ хомат нагашт пўхта,
Ҳосили нахли умрат аз боди сард сўхта.
Гар ту ҳилол нагардӣ чун моҳ гоҳ-гоҳе,
Қадри камол надонӣ ҷонам ту ҳеҷ гоҳе.
Чун дона гар надорӣ бо хок ошнойӣ,
Аз аждари такаббур умед макун раҳойӣ.
То чун кўҳ набошӣ вазнину ботаҳаммул,
Чун коҳ аз сабукӣ, сарсониат шавад мўл.
Умеди оромидан ҳаргиз макун аз ин чарх,
Сарсонӣ аст арзон осоиш аст гароннарх.
Апрели соли 1995

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё