Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Ба Гуландом
Ҳама андом гуластӣ эй Гуландом,
Баҳоре пургул астӣ эй Гуландом.
Туро мо аз дилу ҷон дўст дорем,
Туро мо ҳамчу инсон дўст дорем.
Туро эй духтари оқилу доно,
Туро эй духтари хубу дилоро.
Туро табрик созем аз дилу ҷон,
Ту боши раҳнамои илму ирфон.
Туро эй духтари зебои Кулоб,
Ду рухсорат гулобӣ чун майи ноб.
Туро руҳи Ғаффорова мададгор,
Ҳамеша бошӣ бономусу боор.
Раҳи илмат мудом ҳамвор бодо,
Баҳори умри ту бехор бодо.
Дароз бод умраки Фотимаҷонат,
Ҳамеша бахту давлат ёр бодо.
Гуландом духтари меҳрофаринӣ,
Ҳаётан дарду ғамҳоро набинӣ.
Ҳамеша шоду хуррам бошӣ хоҳар,
Ва бошад умри ту сад соли дигар.
Январи соли 2020

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё