Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Қаротегин
Қаротегин, диёри кўҳсорӣ,
Қаротегин, макони чашмасорӣ.
Ба ҷаннат ҳам чунин ҷое набошад,
Макони боғҳои шаҳдборӣ.
Ҳавоят тозаю обат мусаффо,
Зи оғўшат нарафтам сайри дунё.
Агар зебоиҳо хоҳам бубинам,
Туро созам, туро созам тамошо.
Агар дурам зи ту, зебодиёрам,
Ба дил меҳру ба сар ёди ту дорам.
Гадоям бе ту гар шоҳи ғарибам,
Шукуф, эй кишвари овозадорам.
Майи соли 1994
Дунёи миноӣ
Он, ки аз гардун осоиш таманно мекунад,
Эътиқоде бар бақои зарфи мино мекунад.
Ғофиле овораи ҷамъоварии молу зар,
Ў намедонад, ки мебошад ба дунё раҳгузар.
Як кафан аз дори дунё мебарад шоҳу гадо,
Хоҳ бихоҳӣ хоҳ не бояд равӣ аз ин саро.
Хоки одамро бо оби ғам сириштанд аз азал,
Маҳфузо, ҳаргиз макун умеди аз ғамҳо зафар.
Майи соли 1996

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё