Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Туро чун мардумӣ бинҳода номат,
Бикўш то гум нагардад эҳтиромат.
Басе дардат ба дил маҳфўз, Маҳфўз,
Ҳама бигзор чароғи дил барафрўз.
Июни соли 1996
Роҳбари «Сарвар»
Ба Бозгул Додхудоева, муовини Сарвазири ҶТ
Сурати зебову симои накў,
Одамиро кам мегардад насиб.
Модари мушфиқ устоди бузург,
Ин ду бошад лоиқи фарди наҷиб.
Ин чаҳор дурдонаи лутфи Худо,
Ин чаҳор бахти баланд андар замин.
Шуд насиби духтари Боми Ҷаҳон,
Бар сиришти ў ҳазорон офарин.
Модаре ҳаст ў саропо пур зи панд,
Устоде ки надорад ў баҳо.
Баҳри мо оинаи ибрат бувад,
Раҳбари мо Бозгул Додихудо,
Ў наандешад надорад духтаре.
Сад духтар бошад ўро дар ҷавор.
Дар ниҳоди ҳар яке бигрифта ҷо,
Бо сипосу меҳру сидқи устувор.
Январи соли 1998
Гули гулдоншикаста
Гулам аммо ба гулдони шикаста,
Ба рўям гарди навмедӣ нишаста.
Ба ин зиндон, ки тақдираш бихонам,
Ҳама дарҳои умедам бибаста.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё