Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Чу моҳ дар панҷаи абри сиёҳам,
Ки нурам меравад аз ҷони хаста.
Биё эй бахт раҳоӣ бахш зудам,
Ба навгонии паймони хуҷаста.
Ғариқи баҳри пуршури фироқам,
Биё, ки тори армонам гусаста.
Июни соли 1997
Даст бидор
Эй марди заиф даст мабардор ба сари зан,
Эй марди заиф даст бидор аз задани зан.
Ў хоҳару ў дилбару ў модари зор аст,
Беору касиф шарм бидор аз задани зан.
Обгинаи нозуки дилашро машикан ту,
Он рўҳи пур аз меҳри варо ҳеҷ мафиган ту.
З-он ҷинси латиф асту зариф асту шариф аст,
З-ин муъҷиза эҳё шуда ҳам ҷону тани ту.
Эй мард, ки парвардаи домани зан астӣ,
Умедгаҳу номусу армони зан астӣ.
Ҳамвора бибар дасти мурувват ба сари зан,
Номардӣ агар боиси афғонӣ зан астӣ.
Марти соли 1998
Дигар макуш
Маро дар ман макуш дигар ту эй мард,
Намедони саропо дардаму дард.
Надорӣ гар вафою аҳду паймон,
Маёзорам дигар, бар ҳоли худ мон.
Кашидам дарду ранҷи бешуморе,
Ҳазореву ҳазореву ҳазоре.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё