Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Вале номуси худ нафрўхтам ман,
Ҳаёт аз ғунчаҳо омўхтам ман.
Накардам бо касе боре табассум,
Нарехтам обурўям байни мардум.
Надорам тоқати дарди дигар ҳеҷ,
Ва пайвастан ба мардӣ бехабар ҳеҷ.
Хаёламро дигар манмо парешон,
Масўзон пайкарам чун шамъи сўзон.
Ту ғундор парда аз чашми ҳавасҳо,
Нагардӣ то ҳадаф бар найзаи оҳ.
Дилам саршори ғамҳои ҷаҳон аст,
Ҳазорон дард дар қалбам ниҳон аст.
Чу себе мур ба умқаш хона карда,
Дарун пурнуқсу афгори гарон аст.
Биё Маҳфуз, бас аст дигар шикоят,
Шавад ҳар ончӣ мехоҳад Худоят.
Феврали соли 1996
Бо ханда мегўянд
Беғамон аз ҳоли мо бо ханда мегўянд сухан,
Аз фиғони андалеб гўл ханда дорад дар чаман.
Дарди мо эҳсос хоҳад кард қалби дардманд,
Теша дорад огаҳӣ танҳо зи ҳоли куҳкан.
Назди бедардон нахоҳам гуфт дарди хешро,
Пардапўш хоҳам намуд асрори қалби решро.
Заҳмати пои пиёда аз куҷо донад савор,
Айши султонӣ чӣ донад меҳнати дарвешро.
Чархи гардун як маром ҳаргиз намегардад, ҳон!
Меваи ғам донаи хурсандиҳо дорад ниҳон.
Пас аз ин Маҳфўз маҳфўз дор ҳар ранҷу тааб,
Ҳофизат бодо Худованди замину осмон.
Майи соли 1996

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё