Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Модари мастураам
Аё ай модари мастураи ман,
Басе пандам бигўйи ҳамчу воиз.
Набишносӣ ту ҳарфею китобе,
Вале худро намедонӣ ту оҷиз.
Ту мегўӣ; «раво набвад, ки духтар,
Бихонад мактабу илме бигирад!»
Ва оё дар ҷаҳолатхонаи мард,
Ба зери пои номардон бимирад?
Ту мегўӣ ; «чаро рўи кушода,
Ба берун меравӣ эй ҷони модар.
Наметарсӣ ту аз рўзи қиёмат,
Ки ҷоят дўзах аст эй ҳон духтар».
Нахонда илми дину дунявиро,
Насиҳатномае эҷод кардӣ.
Шуниди ҳарчӣ аз мулои қишлоқ,
Бароям номае иршод кардӣ.
Панаҳ карди ба чодар рўи худро,
Худоро гўиё хушнуд кардӣ.
Бароят руи бозам даҳшате буд,
Басе панде маро бесуд кардӣ.
«Набошад ҷои зан бозору кўча,
Нишин эй духтарам дар кунҷи хона» .
Надори огоҳӣ эй модари ҷон,
Зи бахти хуфтаву рафти замона .
Ба ҳар марду ба ҳар зан фарз гўфта ,
Худованд донишу илму амалро.
Ҳуқуқи зан басе ҳам бешумор аст,
Агар донӣ ту он дастурамалро.
Августи соли 1998

пешина
аз 75
навбатӣ