Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шеъри ман
Шеъри ман эй тифли ҷовидзиндаам,
Эй навои духтарони бенаво.
Шеъри ман «фарёди бефарёдрас»,
Эй садои хастаҷони бесадо.
Шуълаи бахти хамўшгардидаам,
Эй кабутарбачаи беболу пар.
Ғунчаи дар тирамоҳ бишкуфтаам,
Ҳамраҳу ёри мани беҳамсафар.
Дарди ман бахшидаат умри абад,
Ҷовидонат сохт андўҳу ғамам.
Нобасомонии ман сомони ту,
Эй низоми умри дарҳам барҳамам.
Гаҳ тасаллоям диҳӣ чун модарам,
Модари мунису ғамогоҳи ман.
Роз мегўи гаҳе чун хоҳарам,
Хоҳари аз дард ноогоҳи ман.
Сентябри соли 1998

Ёди падар
Дўстон имрўз гирёнам падар гум кардаам,
Кони ганҷи бебаҳо дурру гуҳар гум кардаам.
Дурру гавҳар ёфт мегардад аммо сад дареғ,
Сарпарасти хонаю нури басар гум кардаам.
Рафтию бо худ бибурди қуввати дилам падар,
Рафтию бо худ бибурди зеби манзилам падар.
Ман ба ёдат шеър мегўям мегирям зор,
Баршикаста болу пар чун мурғи бисмилам падар.
Номдору нондор буду ҳалиму ғамгусор,
Дар садоқат буд беҳамтою фарзанддўстдор.
Орӣ аз озор буду меҳрубону бохирад,

пешина
аз 75
навбатӣ