Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Марги бузургон марг нест,
Эй зинда бо чандин асар.
Майи соли 1990

Соли нав
Нек бодо мақдамат эй соли нав хуш омадӣ,
Шод бодо ҳар дамат эй соли нав хуш омадӣ.
Соли нав бо асри нав инак ҳамоғуш омада,
Ҳамчу домоду арўсе душ бар душ омада.
Тифли иқбол кош з-ин ду ҷуфт ояд бар вуҷуд,
Арчаи солинавӣ гушвора бар гуш омада.
Нек бодо мақдамат эй соли нав хуш омадӣ,
Шод бодо ҳар дамат эй соли нав хуш омадӣ.
Бо ливои бахт бо эъҷозу икром омадӣ,
Ҳамсадои ваҳдат андар мулки ором омадӣ.
Хуш бод оғозу анҷомат биё эй соли нав,
Бо суруду нағмаву бо мутрибу ҷом омадӣ,
Хуш бодо мақдамат эй соли нав хуш омадӣ.
Шод бодо ҳар дамат эй соли нав хуш омадӣ,
Кош асри нав асри сулҳ гардад дар ҷаҳон,
Ханда ҳаргиз кам нагардад аз лабони кўдакон.
Иртифоъи ному нанг андар ватан поянда бод,
Эй Худо танҳо туӣ пушту паноҳи тоҷикон.
Декабри соли 2001

Дунёи бебақо
Ба ин дунё ҳаёт гар шаҳди ноб аст,
Макун бовар, ки бунёдаш бар об аст.
Басе тездав бошад маркаби умр,
Ғанимат мешумор рўзу шаби умр.
Ҳаме ҳамроҳ бо илму амал бош,
Мапарвар кина орӣ аз халал бош.

пешина
аз 75
навбатӣ