Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Як ҳазору сад баҳор бигзашт аз бунёди ў,
Борҳо вайрон карданд хонаи ободи ў.
Лек бишкасту нарехт аз зарбаҳои душманон.
Гарчӣ борҳо пош хўрд аз фитнаву шури замон,
Боз ақли солимаш оёти ал-тавҳид хонд,
Боз Исмоили Сомонаш ба ҷамъу гирд хонд.
Инак имрўз ҷашни Истиқлол дорад халқи ман,
Ҷашни бахту тахту ҳам иқбол дорад халқи ман.
Иди тавлидат муборак Тоҷикистони азиз!
Иди тавҳидат муборак Тоҷикистони азиз!
Июни соли 2001

Марди бузург
Бахшида ба 90-солагии устод Боқӣ Раҳимзода
Эй марди бо фазлу карам,
Эй шоири давру замон.
Бо сурату симои нек,
Номи ту монад ҷовидон.
Ҳар гаҳ ба даст гирам қалам,
Симои ту пеши назар.
Руҳи ту гардад ёварам,
Эй қиблагоҳи шеъри тар.
Эй хоксор воломақом,
Эй бозарофат, хушкалом.
Ҳар гаҳ сухан мегуфтӣ,
Мафтун будӣ хосу ом.
Аз ғайбату кину ҳасад,
Қалбе мубарро доштӣ.
Аз уҷбу аз гуфтори бад,
Умре табарро доштӣ.
Эй номи ту хайрулбашар,
Боғи умедат пурсамар.

пешина
аз 75
навбатӣ