Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Офаридгор
Ту эй модар ту эй офардигорам,
Ба назди меҳри покат саҷда орам.
Маро бо сад назокат парваридӣ,
Туро ман дўст дорам, дўст дорам.
Ту эй модар, ту эй ганҷинаи ман,
Фурўғи меҳрат андар синаи ман.
Саропоят ҳама нуру ҳама нур,
Ту ҳастӣ модарам оинаи ман.
Ту, ки ёздаҳ ҷигарбанд офаридӣ,
Ва ёздаҳ ғамфарзанд офаридӣ.
Басе дарду басе ранҷе кашидӣ,
Бароят дўсту душман офаридӣ.
Ба наздат кудакам гарчӣ, ки пирам,
Ва хеҷам гарчӣ ман офоқгирам.
Надорад интиҳо меҳри бузургат,
Ту ҳастӣ кошифи асрору сирам.
Дилат манзилгаҳи ғам шуд зи бахтам,
Ту буди ғамшарики рўзи сахтам.
Умедворам зи даргоҳи Илоҳӣ,
Зи нав бахшад дуоят тоҷу тахтам.
Феврали соли 1996
Марҳабо
Марҳабо эй дўстон бар Тоҷикистон марҳабо,
Бар диёри ворисони олӣ Сомон марҳабо.
Бахти хоболудаи тоҷик зи нав бедор шуд,
Давлаташ эҳё зи нав пирўзӣ бо ў ёр шуд.
Толеъи рахшони ў саъд аст имрўз бингаред,
Шодӣ андар қалби ҳар фард аст имрўз бингаред.
Кисвати идона дар бар карда мулки тоҷикон,
Оҳ, чӣ зебо гаштааст аз заҳри чашмаш алъамон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё