Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худоё кай ба ҷоҳу манзалат мақдур мегардам,
Худоё кай аз ин шуру шарарҳо дур мегардам.
Худоё кай ба даст меоварам ганҷи муродамро,
Ва кай аз бахти худ болидаву масрур мегардам.
Худоё з- ин ҳама олудагиҳо бар ҳазар дорам,
Худоё диданӣ бодо ҳар он чӣ, ки назар дорам.
Ва манро бо рафиқи нек пайванд аз бадон бигсил,
Умедворам ба раҳмат рўзу шабҳо чашми тар дорам.
Худоё дар замирам ишқи покат решаҳо дорад,
Худоё сар пур аз савдову дил андешаҳо дорад.
Биё Маҳфўз миқрозе бизан тори шикоятро,
Ки роҳи ишқи ў осон наясту решаҳо дорад.
Январи соли 1998

Гилаи ошиқ ба машуқ
Мекашам дар риштаи андешаҳо ҳар дам хаёлатро,
Мекунам ташбеҳи моҳ ҳусну ҷамоли баркамолатро.
Ту эй олиҳаи афсонавӣ бурди зи ман ақлам,
Ва боз мегўиям ; Аз сар бадар кун ин ҳавоятро.
Саропо кони лутфу маънию пандат ҳамебинам,
Чу ғунча дар ҳиҷоб пушида то чандат ҳамебинам.
Шукуф чун ғунчаву боре ба сўям як табассум кун,
Чаро охир ба фикри дигаре бандат ҳамебинам.
Биё оинаи чашми маро ҷавлонгаҳи худ кун,
Биё аз сирру асрори ниҳонат огаҳи худ кун.
Биё то ҳамчу гул бўят кунам шаҳзодаи хубон,
Биёву ҷисми танҳои маро ту ҳамраҳи худ кун.
Ба дарёи тахайюл ёди ту дурру гуҳар бошад,
Ва андар коиноти маънӣ чун шамсу қамар бошад.
Вале аз дурии васлат ҳамеша шикваҳо дорам,

пешина
аз 75
навбатӣ