Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳам ғаму ҳам шодиамро ҳамдамӣ,
Ин дили ранҷури манро марҳамӣ.
Мурғи илҳомам биё ромат кунам,
Гашта бо ман ҳамқафас биншин даме.
Июни соли 1996

Шикебоӣ
Дил пурандўҳ асту қалбам пур зи дард,
Ҷисми танҳоям мудом оворагард.
Хотирам доим парешону ҳазин,
Офарин бар сабри ман сад офарин.
Шоирӣ омўхт маро ғамҳои ман,
Собирӣ омўхт маро ранҷҳои ман.
Шокирӣ омўхтам з-афтодатар,
Носирӣ омўхт маро ҳар як сафар.
Дарди бедармон дармонат куҷост?
Қалби бесомон сомонат куҷост?
Дидаи гирён гирёнӣ мудом,
Зодаи армон армонат куҷост?
Майи соли 1997

Ғазал Ман он истораам гум кардааст нуру шуояшро, Ва он торам, ки худ гум кардааст созу навояшро.
Ва он субҳам, ки мебошад фурўғаш доиман козиб, Самои беҳавоям, ки ба сар дорам ҳавояшро.
Ман он шамъам, ки дар ҳангоми нур бенур гардидаам, Ва он бино, ки айни раҳнамоӣ кур гардидам.
Ва он баҳре ки ҳангоми тамуз хушкида мегардад, Ва он саргаштае ки бар ҳама манзур гардидам.

пешина
аз 75
навбатӣ