Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Ба дидорат расиданҳо ҳазору як хатар бошад.
Фироқат хаставу пажмурдаву гесусафедам кард,
Зи ман ҳар дам рамиданҳои ту бас ноумедам кард.
Биё охир ба суи хастагон боре назар бинмо,
Умеди бесамар охир маро чун нахли бедам кард.
Майи соли 1996
Ғазал
Ман он нахлам ба яғмо рафтааст имрўз самар аз ман,
Ва ҳамчу шишаам дунболагир аст ҳар хатар аз ман.
Биё Маҳфўз мудом шукронаву мадҳи Худо бинмо,
Ки меҳру раҳматаш бошад нигаҳбон чун сипар аз
ман.
Чу моҳ дар осмони зиндагӣ яктою танҳоям,
Куҷоянд ахтарон –он кўдакони шуху зебоям.
Чаро ин қадр талх аст қисматам охир намедонам,
Чу булбул дар чаман маншур гардид оҳу овоям.
Худоё ин чӣ қисмат ин чӣ тақдир баҳри ман додӣ,
Маро оворагӣ дар хонаву дар шаҳри ман додӣ.
Даме бо раҳматат бинвозу бо лутфат карам бинмо,
Чаро ин қадр озору заволу заҳри ман додӣ.
Чаро аз зарбаҳои зиндагӣ дилгир мегардам,
Чаро аз ҳар касу нокас домангир мегардам.
Димоғошуфтагиҳо бас кунун Маҳфўз, даме хомуш,
Ки сайдеам мудом худ аз қафои тир мегардам.
Июни соли 1995
Ба устод Саноат Умарова
Устод бодо муборак ҷашни мавлуди шумо,
Бод имрўзу ҳаме оянда бар суди шумо.
Дар баҳори шасту ҳашти умратон гулғунчаед,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё