Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи дил Фирўза дур кун номуродӣ,
Чу шаб дунболаи рўзи сафедӣ.
Зи баъди дай биёяд навбаҳорон,
Шавӣ сарсабзу хуррам дар баҳорон.
Июни соли 1996

Кудакӣ
Зи нав хоҳам, ки бошам кудаке андар бари модар,
Ки дил гардад тиҳӣ аз ғам сар холӣ зи шуру шар.
Бигардам бегуноҳ тифле ки бошад дур аз исён,
Надонам печу тоби зиндагию сўзиши ҳиҷрон.
Ба ғафлат мондаму рафтаст кайҳо кудакӣ аз ман,
Ба худ бурдаст хотирҷамъию осудагӣ аз ман.
Ба худ бурдаст ҳам афсонаи модаркалонамро,
Ба худ бурдаст ҳам он тую сури лухтаконамро.
Ба ғафлат мондаму бигзаштааст беғам айёми ман,
Гуноҳу бегуноҳӣ гашта думболгири номи ман.
Зи нав хоҳам, ки бошам кудаке андар бари модар,
Ки дил гардад тиҳӣ аз ғам сар холӣ зи шуру шар.
Майи соли 1997

Бар душ борест
Дар сар хаёлест дар дил ғуборест,
Бар душ борест дар зиндагонӣ.
Дар сина оҳест аз баҳри ҷоҳест,
Умед бақоест дар зиндагонӣ.
Умри бақиммат боди сабоест,
Доим шитобест дар зиндагонӣ.
Гоҳо гуластем гоҳо чу хорем,
Гоҳ масту ҳушёр дар зиндагонӣ.

пешина
аз 75
навбатӣ