Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Илоҳо тоҷикамро дар паноҳи худ нигоҳбон шав,
Паноҳи ворисони бепаноҳи Оли сомон шав.
Июни соли 1994

Беҳамсафар
Худоё мурғи бахти ман парида,
Худоё чашми кӣ ўро расида?
Чаро дар нимароҳи зиндагонӣ,
Шудам беҳамсафар бе ёри ҷонӣ?
Худоё шоҳини бахтам куҷо шуд,
Зи чӣ ранҷид, ки ў аз ман ҷудо шуд?
Шудам беҳамсафар ман дар ҷавонӣ,
Гули бебулбуле дар бўстоне.
Дуои бад кӣ карда дар ҳаққи ман,
Худоё сирри ҳар асрор ту донӣ.
Ҳақиру нотавону зор ҳастам,
Ҳумои бахт биё биншин ба дастам.
Ки дар айни камоли зиндагонӣ,
Набинад гулшанам боди хазоне.
Касе ҷуз ғам намепурсад суроғам,
Чу заъфар зардаму чун лола доғам.
Вазид боди хазон дар гулшани ман,
Чу гулпажмурдае дар кунҷи боғам.
Ба андўҳ улфату бо ғусса ҳамдам,
Барорам аз ҷигар оҳи ба дардам.
Чу Яъқуб байт-ул-эхзон карда бино,
Шамол аст номуродӣ ман чу гардам.
Ба сабру собирӣ Аюби даврон,
Худоям додааст сабри фаровон.
Ба ҳар як озмуни Ҳақтаъоло,
Ҳазорон шукри беанҷому поён.

пешина
аз 75
навбатӣ