Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ошуб бинамуд ахтари ман,
Чархи осиёст бар сари ман.
Мондаам ба зер чу дони гандум,
Афсурда бишуд пайкари ман.
Толеъ ба ман паст будааст,
Дар қисмати ман шикаст будааст.
Чун одати пеш аҷузи дунё,
Донокушу дунпараст будаст.
Ё раб бидиҳам ту обу иззат,
Озод кунам зи чоҳи зиллат.
Майи соли 1995

Истиқлол
Муборак ҷашни истиқлоли ту эй тоҷики озод,
Бихоҳам то, ки бошӣ доимо фархундаву дилшод.
Ту соҳибдавлату соҳибватан гардидаи имрўз,
Ту соҳибтоҷу зеби анҷуман гардидаи имрўз.
Ту бо тоҷат зи нав эҳё шудӣ дар арсаи олам,
Ниҳоли давлатат аз нав бираст дар марзаи олам.
Туро дунё шинохт эй тоҷики шуҳратбаланди ман,
Ҳумоюнҳамраҳ аст имрўз кунун бахти баланди ман.
Зи нав тавлид гардид давлату Исмоили Сомон,
Ба дил туғён дорад шавқу шуру шодиву армон.
Ту эй Сомонии сонӣ ба сомон кун диёри худ,
Намо ба кушишу ғайрат ҳумои бахт ёри худ.
Дигар ҳаргиз напўшад абри ғам хуршеди бахтатро,
Дигар бегонае ҳаргиз нагирад тоҷу тахтатро.
Илоҳо доимо соҳибзафар, соҳибватан бошӣ,
Тавонову далеру тоҷдори анҷуман бошӣ.

пешина
аз 75
навбатӣ