Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Саргарми меҳнат бо ёди роҳат,
Нозу итобест дар зиндагонӣ.
Гоҳо чу куҳем гоҳо чу коҳем,
Бесабру саббор дар зиндагонӣ.
Гоҳо парастиш созем Худоро,
Гоҳ ғайри онро дар зиндагонӣ.
Гоҳо ба қиммат гоҳо ба иззат,
Гаҳ бо мазаррат дар зиндагонӣ.
Гоҳо чу ҷўем гоҳо чу дарё,
Гоҳо чу борон дар зиндагонӣ.
Гоҳ бо саховат гоҳо чу соил,
Гоҳ чусту коҳил дар зиндагонӣ.
Майи соли 1996
Модар
Модарам эй модари ҷону дилам,
Гарчи шоҳинам ба наздат бисмилам.
Ҳамчу хуршед дар макону манзилам,
Чун калиди куфли ҳар як мушкилам.
Гар набудӣ ман набудам модарам,
Пеши поят дар суҷудам модарам.
Эй ҳаётбахши ҳама офоқ ту,
Кун қабул пайку дурудам модарам.
Бар сари гаҳвораам шабҳои тор,
Алла мегуфтӣ ту эй шабзиндадор.
Дар ниҳони аллаҳоят орзу,
Менамуд парвоз ба осмони хаёл.
Ту бубинӣ шод фарзандат агар,
Мешавад чашмат зи ашки шоди тар.
Гар бубинӣ сарбаланд фарзандро,
Сарбаланд гардӣ аз ў ту бештар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё