Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳазорон мурдаи фарзандро дид,
Дили бемеҳри ҳамчу сангро дид.
Ҳазорон тифли маъсум бепадар шуд,
Ҳазорон куҳ ба куҳу дар ба дар шуд.
Ҳазорон тарк гуфт мулки ниёгон,
Хазорон ҷон супурд дар мулки афғон.
Илоҳо ақлро пируз гардон,
Илоҳо ҷаҳлро хомсўз гардон.
Илоҳо миллатам хушрўз гардон,
Диёри тоҷикон наврўз гардон.
Январи соли 1993

Шукр гуям
Ҳазорон шукр гуям зиндагию бешу камҳояш,
Ҳазорон шукр гуям зиндагию шоду ғамҳояш.
Гар набошад кам бе арзиш бувад қадри зиёд,
Гар набошад ғам беарзиш бувад қадри нишот.
Гар набошад ҷаҳл қадри ақл кай гардад аён,
Гар набошад бад нек як умр монад бенишон.
Қадри гарму хуррамӣ набвад надида сардро.
Қадри офият куҷо бошад тани бедардро,
Шукр гўй Маҳфўз ба арзону гарони рўзгор,
Шукр гўй бо ҳарчӣ мебошад ризо Парвардигор.
Июни соли 1995

Гаҳе инам гаҳе онам Гаҳе чун раъди ғурронам, Гаҳе чун абри боронам.
Гаҳе чун барқ рахшонам, Гаҳе чун шеди тобонам.
Гаҳе чун бод гардонам, Гаҳе шамъи фурўзонам.

пешина
аз 75
навбатӣ