Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Гаҳе тўфони дар ҷўшам,
Гаҳе чун санги хомушам.
Гаҳе дар зулмате нурам,
Гаҳе худ дидаи курам.
Гаҳе чун Юсуфи чоҳам,
Гаҳе ҳамсўҳбати моҳам.
Гаҳе бахти ҳумоюнам,
Гаҳе толеъи вожгунам.
Гаҳе хушҳолу хандонам,
Гаҳе зору парешонам.
Худовандо ту огоҳӣ,
Ман ин сонам, ман инсонам.
Майи соли 1997
Деҳи ман
Ҳар гаҳе вориди Навдонак шавам,
Дил ҳамехоҳад зи нав кудак шавам.
Бўи тифли бўи шири модарам,
Бар машом ояд сабук гардад сарам.
Хандаҳои беғамии кудакӣ,
Гиряҳои эркагии кудакӣ.
Мерасад бар гўши ман аз дуриҳо,
Медиҳад дилро зи нав нуру зиё.
Аз раҳи пурпечу тоби деҳаам,
Ҳар гаҳе созам гузар монам қадам.
Давраҳои навҷавониам ба ёд,
Ояду он кокулони дасти бод.
Ҳар пагоҳи села-села духтарон,
Мешудем мо ҷониби мактаб равон.
Дарс меомўхтем аз ҳар фане,
То, ки бошем булбули ҳар гулшане.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё