Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Санъати Парвардигор аст,
Содда на сохти ҳазор аст.
Ғофили хеш асту ғофил,
Ки нафас боэътибор аст.
Ғофили хеш асту аммо,
Ғофили ў нест Оллоҳ.
Ў ба худ беэътибор аст,
Лек ҳадаф бар эътибор аст.
Ў надонад қадри худро,
Баҳри қадраш беканор аст.
Ў ба хулқу хуи солим,
Бигзарад гоҳо малакро.
Ў ба хештаношноӣ,
Бигзарад ҳафтум фалакро.
Лек чун худношинос аст,
Бар Худояш носипос аст.
Бартар аз ўяст ҳайвон,
Орӣ бошад гар аз имон.
Июни соли 1996

Ҷанг
Само аз ҷанги хунин гашта маҳзун,
Дили мардум шуда з-ин ҷанг пурхун.
Ҳама ободиҳо вайрон гаштанд,
Ҷамиъи модарон гирён гаштанд.
Писарҳои ба ноз парвардашонро,
Писарҳои аруснокардаашонро.
Рабуд аз байн ҷанги хонумонсўз,
Илоҳо хонаи ҷангҷўйро сўз.
Диёри тоҷикон бемор гаштааст,
Танаш захмӣ дилаш абгор гаштаст.

пешина
аз 75
навбатӣ