Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чаро ў мехўрад хуни бародар,
Чаро оташ занад меҳан ба як сар.
Магар ў бандаи шайтон гаштааст?
Магар ў рондаи Раҳмон гаштааст?
Дигарҳо гар кунанд кишваркушоӣ,
Фитод дар кишвари тоҷик ҷудоӣ.
Агар як мушти хок аст Тоҷикистон,
Чаро хоҳед кунед ўро парешон.
Кадом малъун тоҷикро барангехт?
Ба ин меҳан кӣ тухми наҳсият рехт?
Буданд кулобию ғармӣ бародар,
Буданд дарвозию хуҷандӣ ҳамсар.
Ба ғаму шодӣ бо ҳам ёр буданд,
Ба мушкилӣ ба ҳам ғамхор буданд.
Ба ғармӣ буд арус фархоридухтар,
Ба кулобӣ арус нушоридухтар.
Кӣ тухми ҷанг дар байни шумо кишт?
Ва номи ҷанги бемаънӣ бигў чист?
Буданд Саидалию Боқӣ бародар.
Ба халқи якдигар буданд чу меҳвар,
Куҷост Саидалию Боқии сонӣ?
Ба ҳам бошанд, ки буданд замоне.
Чу шамъе маҳфилороӣ намоянд,
Ба ин гумроҳҳо роҳе намоянд.
Бувад имрўз рўзи номусу нанг,
На маҳалбозию душманию ҷанг.
Бигўед шукри истиқлоли тоҷик,
Бидоред даст аз куштори тоҷик.
Чӣ тоҷик кўчаку чӣ Тоҷикистон,
Набигзоред шавад чошу парешон.
Замоне буд Самарқанду Бухоро,

пешина
аз 75
навбатӣ