Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тафохури бузурге буд моро.
Бухоро махзани ирфону дин буд.
Самрқанд дар ҷаҳон зеботарин буд,
Ҷудо гаштанд чун аъзои ҷисме.
Бихоҳед боз ҷудо гарданд қисме?
Ба ранҷи худ кунед обод Ватанро.
Намоед кур чашмӣ душманро,
Худо хоҳад шавед хушбахту хушрўз,
Шаби ғам гашта поён мешавад рўз.
Январи соли 1993

Шамъи бепарвона
Чу шамъеам вале парвонаам нест,
Парешонмў шавам гар шонаам нест.
Азал бегона кард парвонаи ман,
Ба муйи дигаре шуд шонаи ман.
Дағалдандона буд он шонаи ман,
Магаспарвона буд парвонаи ман.
Надорам ғам магаспарвонаам нест,
Надорам ғам ба мўйям шонаам нест.
Надорам ғам фурўзонам фурўзон,
Парафшонам парафшонам парафшон.
Ба нури шед муям шона созам,
Диламро шамъу ҳам парвона созам.
Феврали соли 1996

Намепурсӣ
Ғариқи баҳри ғамҳоям чаро аз ман намепурсӣ?
Ба кунҷе зору танҳоям чаро аз ман намепурсӣ?
Ғавосе шав раҳоям кун аз ин баҳри ҳаводисҳо.
Зулайховор раҳпоям чаро аз ман намепурсӣ?

пешина
аз 75
навбатӣ