Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Аз он гули бахтат бишуд пажмурда дар айни баҳор, Гоҳо чу ях сардӣ аммо гаҳ оташи сузандаӣ.
Гоҳо хаётӣ мекунӣ бигзаштаву ояндаро, Гаҳ эътимоде мекунӣ кирдори нопояндаро.
Гаҳ иртифоъи ному нанг дори тамаъ аз Кирдгор, Мерезӣ бар нахли умед хуни дили афсурдаро Майи соли 1996
Ғазал
Аз таалуқоти беоғозу бе анҷоми даҳр,
Як даме аз худ бурун шав шоири афсурдадил.
Эътибороти ҷаҳон хобу хаёле беш нест,
Бо тахаюлот машав побанду з-онҳо даргусил.
Чун назар кардам ба ашъорат ҳама сар то ба по,
Норизоӣ кардӣ аз тақдиру кардӣ дарди дил.
Дона –дона чун анор дил маскани ғамҳо макун,
То ба кай ғампарварию то ба кай озурдадил.
Ин ҷаҳон бошад зи оғозаш ҳаме пуршуру шар,
Ҳам матояш аз сари ҳар фарди ў монад сабил.
Чун ҳубоб аст шоди ў ҳам чун ҳубоб ношодияш,
З-и сабаб аз шоду ношодӣ гузар кун эй фақир.
То ба кай чун шамъ сўзӣ, умри худ кутаҳ кунӣ,
Шамъ шаб сўзад агар ту рўзу шаб дар сўзи дил.
Аз ғами дунё гузар Маҳфўз, даме осуда бош,
То ба кай дар изтиробу то ба кай дар дору гир.
Булбули ғармӣ басе бо сўз бинвисад ғазал,
Хон, ки то огаҳ шавӣ аз рози ин шуридадил.
Майи соли 1995
Ҷанг Чаро тоҷик бо ҳам дар набард аст, Чаро гумроҳу ҷоҳил хунсард аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё