Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мерасад охир ба яздон оҳи ман.
Мерасад рўзе чу Яъқуб аз висол,
Юусуфонамро ҳамебинам ҷамол.
Ҳар ду чашми пири Канъон гашт кур,
Аз ҷудоиҳои як Юсуфи дур.
Панҷ Юсуф гаштаанд аз ман ҷудо,
Чун нагирям чун нанолам эй Худо.
Аз ҷудоиҳо дилам хун гаштааст,
Бар рухам ожанг афзун гаштааст.
Ҳеҷ касе набвад маро ғайри Худо,
То бипурсад ҳоли ман чун гаштааст?
Эй ситамгар з-оҳи ман андеша кун,
Аз Худо тарсу адолат пеша кун.
Аз ҷигарҳоям маро карди ҷудо,
Ҳеҷ наандешидӣ аз қаҳри Худо?
Тири оҳамро ҳадаф ҳастӣ, бидон,
Хоҳу нохоҳ дар талаф ҳастӣ бидон.
Ҳамраҳи оҳи заиф пайконҳост,
Дар ду олам бешараф ҳастӣ бидон.
Дорам умед Холиқи фарёдрас,
Медиҳад фарзандҳоям бозпас.
Ҳеҷ ҳақ ноҳақ намегардад яқин,
Ҷумларо Маҳфўз ба чашми Ҳақ бубин.
Майи соли 1995
Ғазал
Маҳфўз чаро охир туро жарфи ғамон шуд хонаат,
Оворагарди ҳар дарӣ вайрона шуд кошонаат.
Тоҷи музайян рамзи бахт афтода аз фарқат шикаст,
Дар байни дусту душманон машҳур шуд афсонаат.
Ҳосили хуб охир чаро дар шуразор афгандаӣ,
Кулбори дил аз дарду ғамҳои замон огандаӣ.

пешина
аз 75
навбатӣ