Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Хуб нест
Эй дили ношоди ман ношод будан хуб нест,
Ин қадар бо нолаву фарёд будан хуб нест.
Аз азал бошад ҳамин расми ҷаҳон –озурдан,
Ин қадар муҳтоҷи ҳар имдод будан хуб нест.
То нагарди ғарқ дар амвоҷи дарёи ҳаёт,
Дур маяфган хешро аз киштии сабру субот.
Сабр кун ҳар корвон рўзе ба манзил мерасад,
Ҳам чунин буд дар макони тангу тор оби ҳаёт.
Чархи гардун эй басе гардиш дорад ранг-ранг,
Дар раҳи мақсуди нек ҳаргиз макун ҷоно диранг.
Эй дили содда намебинӣ шабу рўзи сафед,
Гаҳ сапеду гаҳ сияҳ гоҳо азою суру чанг.
Аз тамаъ ҳаргиз мабош афгандасар назди касе,
Хору хас худро макун дар назди ҳар хору хасе.
Зиндагӣ кун аз барои зиндагии ҷовидон,
Кўш то боши касе ҳаргиз набоши нокасе.
Дар талотумҳои баҳри зиндагӣ ҳушёр бош,
То нагардӣ ғарқ дар фисқу фасод бедор бош.
Маҳфўзо ҳар як гуноҳ дар назди Ҳақ маҳфуз ҳаст,
Эй дило аз ҳар гуноҳи хеш ғамбемор бош.
Майи соли 1995
Зани танҳо
Зода будам гарчи панҷ фарзанд ман,
Панҷ фарзанди ба ҷон пайванд ман.
Айни тифли гаштаанд аз ман ҷудо,
Ин ҳама будаст тақдир аз Худо.
Гарчи танҳоям вале танҳо наям,
Панҷ фарзандам бувад ҳамроҳи ман.
Дар дили ман ҳар яке дорад макон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё