Зеҳн
Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.

Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кай шод шавад
Ман диле дорам ғамин кай шод шавад маълум нест,
Кай зи қайди ранҷҳо озод шавад маълум нест.
Хотире дорам ҳаме ошуфтаву сар дар ҷунун,
Хонаи вайрона кай обод шавад маълум нест.
Сер шудам аз ҷони ширин дар ба дар то кай равам,
Манзиле кай баҳри ман бунёд шавад маълум нест.
Мезанад аз ҳар тараф санги маломат бар сарам,
Боз номам кай ба некӣ ёд шавад маълум нест.
Дарди ҳар касро худаш медонаду Парвардигор,
Назди мардум аз ҷигар фарёд шавад маълум нест.
Субҳи бахтам кай сапедӣ медиҳад дар роҳи ман,
Ин сиёҳи кай сапедобод шавад маълум нест.
Маҳфўзо, хотир ҳазин гашти кунун дар зиндагӣ,
Бар ҳама бедодҳо кай дод шавад маълум нест.
Майи соли 1995

Орзу
Ҳар гаҳе ки аз талоши зиндагӣ,
Хаставу дилгир гардам дар ҳаёт.
Орзу чун ахгари хокистаре,
Боз афрўзад ба дил шуру нишот.
Эй басе дар зиндагӣ афсурдаам,
Ҳам ба мисли ғунчаи пажмурдаам.
Гаҳ орзу ҳамчу оби ҷонбахш,
Ҷон бахшад қалби дардолудаам.
Зиндаам бо орзуи зиндагӣ,
З-орзуяст ҳар нумўи зиндагӣ.
Зиндагӣ бе орзу марг асту марг,
Орзуяст, ки накўӣ зиндагӣ.
Майи соли 1998

пешина
аз 75
навбатӣ