Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Фарёд
Ай қазо охир чу дони осиёбам кардаӣ,
Чун ҷигар дар оташат охир кабобам кардаӣ.
Чун ҳамехоҳам зи баҳри ком нўшам қатрае,
Вожгуну холӣ чун ҷоми ҳубобам кардаӣ,
Маҷлиси аҳли ҳасудро гарм созад номи ман,
Чун ҳилол аз ранҷу ғам хам гаштааст андоми ман.
Ғайри Ҳақ ҳаргиз надорам дар ду олам дастгир,
Мерасад рўзе ки охир субҳ гардад шоми ман,
Пардаи асрори қалбам шеър ҳар дам во кунад.
Булбул аз шавқи ғами ман дар чаман ово кунад,
Гарчи Маҳфўзам ҳамчун ғунчае дар барги гул,
Ин забони хомаам рози маро ифшо кунад.
Майи соли 1994
Аз бунёд бурд
Сели ашкам лолаи рухсор аз бунёд бурд,
Бо ҳазорон ҳасрату бо оҳу бо фарёд бурд.
Рустааст имрўз ба ҷои лолаҳоям заъфарон,
Қалби пурдардам зи ранги зард ҳамегардад аён.
Эй дило, дигар макун об нури чашмонат бас аст,
Хун боридан зи ҳар як нуги мижгонат бас аст.
Лашкари ғам бо силоҳи сабр мегардад фано.
Ҳам бисўз дар оташи сабрат ҳама ранҷу ано,
Сар ба сар чун бингарӣ дунё ҳама ғам асту ғам,
Ҳеҷ диле набвад ба дунё холӣ бошад аз алам,
Кўш дар илму амал ҳам бо тариқат ёр бош.
Ҷаҳди роҳи рост кун дар зикри Ҳақ бисёр бош,
Гаштаи имрўз ҳадаф бар озмуни Кирдгор,
Саъй кун то ин, ки бигзинад туро Парвардигор.
Марти соли 1996

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё