Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Мерасад рўзе чу Яъқуб шоду махмур мешавӣ,
Аз ҷамоли Юсуфонат дида пурнур мешавӣ.
Мерасад рўзе зи бахти ту аду гардад хиҷил,
Толеъат гардад баланду ту ба ў ҷўр мешавӣ.
Апрели соли 1996
Бадар кун
Зи сар савдо зи дил ғамро бадар кун,
Ба чашми ақл бар дунё назар кун.
Бубин бешу каму шодиву ғамро,
Назар бар ҳоли он афтодатар кун.
Агар рўзат шавад ҳамчу шаби тор,
Бишав чун бадрмоҳу равшанӣ ор.
Мубориз шав, машав маъюсу навмед,
Ҳаме бо кам бикун шукрона бисёр.
Мадовим не ғаму не шод бошад,
Аҷузи даҳр бебунёд бошад.
Ҳазорон сол агар дунё ба ком аст,
Ҳама кори ҷаҳон барбод бошад.
Биё Маҳфўз гузар аз шоду ғам кун,
Ба дунёи маҷозӣ такя кам кун.
Макун бовар ба ин даҳри пурошўб,
Ҳамеша ёди Зоти Муҳташам кун.
Марти соли 1995

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё