Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Уламоро қадр кун
Ихтилот афзўн бо мардони аҳли фаҳм кун,
Ҷони ман, доим ҳазар аз мардуми бефаҳм кун.
Дур бош аз мардуми нодон, ки нодонат кунад,
Рахнаҳо бар донишу бар ақлу имонат кунад.
Қадри аҳли маънӣ беш аз қадри дурру гавҳар аст,
Аҳли дониш ҳар куҷо бошад, тоҷе бар сар аст.
Ҳар матое бо мурури вақт мегардад кўҳан,
Лек матои илм равшантар шавад з-омўхтан.
Уламоро қадр куну дониш омўз худ ҳаме,
Нотамом аст ҷоми дониш бартар аз Ҷоми Ҷаме.
Зулмати қалбат мунаввар бо чароғи илм кун,
Нахли идрокат ҳаме пайванд ба боғи ҳилм кун.
Аз Худованд хоҳ, Маҳфўзо, ту ҳам илму амал,
То, ки боғи маънии умрат бимонад бехалал.
Майи соли 1994
То ба кай
Оҳ, эй дил сўхтан аз дарди ҳиҷрон то ба кай,
Аз тассалӣ баҳри ғам дорую дармон то ба кай?
Эй табиби дарди ман, беэътинои ман мабош,
Дар илоҷи дарди ин бечора ҳайрон то ба кай?
Ғунчаи ногаштаво будам ба боғи зиндагӣ,
Эй басе бисёр дидам дарду доғи зиндагӣ.
Чархи гардун бар дилам доғи сияҳ чун лола зад,
Бо кадом ҷурме зи ман сўхта димоғи зиндагӣ.
Сабр кун, Маҳфўз, баҳор рўзе фаро хоҳад расид,
Боз баулбул назди гул бо моҷаро хоҳад расид.
Офтоби бахти ту тобанда гардад аз дигар,
Шодиву хурсандиҳо бар ин саро хоҳад расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё