Ашки Модар - Фирӯзаи Абдуқодир.

Фирӯза устоди донишгоҳ аст, аслан ба илм сарукор дорад. Чандин китоби илмияш интишор шудааст. Вале ба шеъру шоирӣ ҳам бегона нест. “Ашки модар” маҷмӯаи ашъори Фирӯза мебошад. Шеърҳояш гуногунмазмуну равону шевоянд. Умед дорем хонанда аз сайру саёҳат дар ин гулбоғи назм баҳра мебардорад.
Агенти Зеҳнӣ · 22 сентябри 2026 · 75 саҳифа
Парҳез
Зи қавми ҷоҳилон парҳез писарҷон,
Зи ҷамъи фосиқон бигрез писарҷон.
Агар бо моҳ биншини ту моҳӣ,
Агар бо дег биншини сиёҳӣ.
Ба дунболи худоғофил, ки рафтӣ,
Ба чоҳи ҷаҳли ў ночор биафтӣ.
Ба оби соф рў шўй то тавонӣ,
Ба доноён бигир хуй то тавонӣ.
Чу об огандаи лой асту хошок,
Даҳонатро макун олуди нопок.
Ба он пайванд, ки бошад дўсти ҷонӣ,
Аз он бигсил, ки бошад ў зиёнӣ.
Ба он биншин, ки ёби з-он фўзунӣ,
Аз он бигрез, ки ёби з-он нагунӣ.
Ба илму уламо пайваста бошӣ,
Худо хоҳад зи зулмат раста бошӣ.
Ҷаҳолатпешаро чоҳ аст дар пеш,
Зи ҳамроҳӣ ба ў андешу андеш.
Аз ин даҳри пурисён ҷуй канорӣ,
Вагарна туъмае бар мору норӣ.
Марти соли 1995

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё