Зеҳн
Рӯбоҳ ва асп (Бародарон Гримм)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳои тарбиявӣ барои кӯдакон мебошад. Дар он сагу гурба ва ҳайвоноти дигар пандҳои зиндагӣ ва ахлоқиро меомӯзонанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 9 саҳифа

АфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

мехӯрд, нигоҳ мекард ва аз чашмонаш ашк ҷорӣ мешуд.

Боре дастони пирамард ларзиданд ва косаи сафол аз дасташ афтиду шикаст. Келинаш ӯро таънаю маломат кард, вале пирамард чизе нагуфта фақат оҳи чуқуре кашид. Келин ба падаршӯяш косачаи чӯбин харид ва мӯйсафед акнун аз он хӯрок мехӯрд.

Боре падару модар бо ҳам сари дастархон менишастанд, ки писараки майдаяки чорсолаи онҳо чанд тахтапораро овард ва онҳоро ба ҳам часпондан гирифт.

— Ту чӣ кор мекунӣ? — пурсид падараш.

— Ман охур месозам, — ҷавоб дод писарак, — Вақте ки калон мешавам, ба падару модарам аз ҳамин охур хӯрок медиҳам.

Зану шавҳар ба ҳамдигар нигаристанду гиристанд. Пирамардро зуд ба сари миз оварда шинонданд ва ба ӯ хӯроки хуб медодагӣ шуданд. Агар пирамард нохост ба рӯи дастархон каме хӯрок резонад ҳам, ӯро маломат намекарданд.

пешина
аз 9
навбатӣ