Рӯбоҳ ва асп (Бародарон Гримм)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳои тарбиявӣ барои кӯдакон мебошад. Дар он сагу гурба ва ҳайвоноти дигар пандҳои зиндагӣ ва ахлоқиро меомӯзонанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 9 саҳифа
— Тезтар даҳони халтаатонро кушоед, рӯбоҳ-хонум. Халтаро кушоед!
Вале сагҳо аллакай рӯбоҳро дошта гирифта буданду он дар дандони сагҳо ба таҳлука афтода буд.
— Эҳ, рӯбоҳ-хонум, — гуфт гурба. — Шумо бо сад фан ва макру фиреб ба даҳони сагон афтодед! Агар шумо ҳам мисли ман ба болои дарахт баромада метавонистед, аз ҳаётатон ҷудо намешудед.
БОБОИ ПИР ВА НАБЕРА
Буд-набуд бобои пире буд. Чашмони ӯ
хира, гӯшҳояш вазнин буданду
зонуҳояш меларзиданд. Вақте ки барои
хӯрокхӯрӣ ба паси миз менишаст,
қошуқро маҳкам дошта наметавонист
ва хӯрокро ба болои дастархон
мерезонд. Аз ин кор писари мӯйсафед
ва зани ӯ озурда шуданд ва пирамардро
ба як кунҷе бурда шинонданд, ба
мӯйсафед дар косаи сафолин хӯрок
медоданд. Хӯрокашон ҳам қазоӣ
набуд, аз ин сабаб, мӯйсафед сер
намешуд. Ва ғамгинона ба мизе, ки дар
паси он писараш ҳамроҳи занаш хӯрок

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё