Зеҳн
Рӯбоҳ ва асп (Бародарон Гримм)

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳо ва афсонаҳои тарбиявӣ барои кӯдакон мебошад. Дар он сагу гурба ва ҳайвоноти дигар пандҳои зиндагӣ ва ахлоқиро меомӯзонанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 9 саҳифа

АдабиётАфсона

ПИСАРИ НОШУКР

Боре марде бо занаш дар хона нишаста буд. Онҳо мехостанд мурғи бирёнеро, ки дар пеши худ гузошта буданд, бихӯранд. Мард дид, ки падари пираш ба хонаи писараш меояд. Зуд мурғи бирёнро гирифту пинҳон кард, зеро марди хасисе буду луқмаеро аз падараш дареғ дошт. Падараш ба хона даромада нишаст ва як даҳон нонро ҳам нахӯрда, хесту баромада рафт. Писари пирамард мурғи Пинҳонкардаашро бароварду хост, ки бо занаш хӯрад, вале мурғ ногаҳон ба қурбоққаи бадҳайбату бадшакле табдил ёфту хез зада ба рӯйи мард часпид. Қурбоққа дар рӯяш менишасту фаромадан намехост. Агар касе онро канда гирифтанӣ шавад, чунон ба таҳдид ва даҳшатовар нигоҳ мекард, ки ҳеҷ кас ҷуръати наздик шудан намекард. Он марди хасис маҷбур буд, ки ҳар рӯз ба он қурбоққаи бадҳайбат хӯрок диҳад, вагарна қурбоққа рӯйи вайро мехӯрд. Ҳамин тавр, ин марди хасиси ношукр ҳеҷ қарор намеёфту ором нишаста наметавонист ва ба чор тараф давида овораи ҷаҳон гашт.

РӮБОҲ ВА ГУРБА

Боре гурбае дар ҷангал рӯбоҳеро вохӯрд. Гурба фикр кард: «Рӯбоҳ хеле доно ва ботаҷриба аст, бинобар ин ӯро ҳама ҳурмат мекунанд» ва ба рӯбоҳ гуфт:

— Салом, рӯбоҳ-хонум, зиндагониатон чӣ тавр? Дар ин

аз 9
навбатӣ