Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

мешавад.

— Ту боз чӣ гуфтӣ? — хӯҷаин то рафт бештар асабӣ мешуд.

— Ҳамин лаҳза панди ба сад танга харидаам ба ёдам зад: «Туф макун ба намакдоне, ки аз он намак хӯрдаӣ». Боз фикр кардам, ки шумо хӯҷаин, маро аз бозор ёфта оварда, тарбия кардед, дар даргоҳи шумо хариду фурӯшро ёд гирифтам, нонвоиро ёд гирифтам, боғдориро ёд гирифтам, доду муомиларо бо одамон ёд гирифтам, кору бори шуморо дида, саранҷом кардани як рӯзгори калонро ёд гирифтам.

Хӯҷаин ҳанӯз дар изтироб буд, вай шиддат карда, аз писари савдогар пурсид:

— Пагоҳӣ барои чӣ дар вақти гуфтагии ман орд наовардӣ?

— Ба ин ҳам панди харидаам сабаб шуд, — гуфт писари савдогар, — ордфурӯш, баъде, ки ордро бор кардем, гуфт, ки «писарам, янгаатон чой дам кард, як пиёла нӯшида равед», «вақт надорам гуфтам, — ҳозир орда бурда нарасонам, намешавад, нонвойҳо интизор». Ҳамин гапа гуфтаму панди дигари ба сад танга харидаам ба ёдам расид: «аз насибаи пагоҳӣ рӯй натоб». Ноилоҷ ба сари дастархони соҳиби хона шишта, насиба гирифтам. Ана сабаби дер карданам ҳамин.

Хӯҷаин дигар чизе нагуфту ба писари савдогар нафаҳмонда, ба шаҳри онҳо кас фиристода «рав муқаррар кун, ки бо ҳамин ном савдогаре ҳаст, ё

пешина
аз 161
навбатӣ