Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
Не, ӯ писар доштааст, чандсола будааст писараш, чӣ андоме доштааст, кай, ба чӣ сабаб аз шаҳр баромада рафтааст. Боз ба хонаи ордфурӯш рафта пурс, ки оё хизматгор ин ногоҳӣ аз дастархонаш насиба гирифтааст».
Фиристода рафта фаҳмида омад, ҳамаи гуфтаҳои писари савдогар рост буданд. Хӯҷаин аз ҳақиқати ҳол огоҳ шуда, писари савдогарро ба худ писар хонда гуфт:
— Ту дувоздаҳ сол ба ман хизмат кардӣ, лекин боре ҳаққи хизмат талаб накардаӣ, музди хизмати дувоздаҳсолаат — як сарвати калон. Ба ватанат рав, аз ҳоли падару модару занат хабар гир. Хоҳӣ ист, нахоҳӣ гашта биё, даргоҳи ман даргоҳи ту.
Писари савдогар роҳ пеш гирифта, боз дашту биёбон тай карда, нисфишабӣ ба шаҳри падару модараш расид. Дарвозаи ҳавлии падар маҳкам буд. Ба девор баромада, ба рӯи ҳавлӣ фаромада, ба хонааш даромада, рӯи болини занаш ду сарро дид. Якбора ба ғазаб омада, даст ба шамшер бурд ва ин лаҳза панди сеюми ба сад танга харидааш ба ёдаш омад: «Дар сари ғазаб кори хатарноке кардани шавӣ, дасти ростатро бо дасти чапат маҳкам дор». Дасти росташро маҳкам дошта, занашро бедор карда, ба сари ӯ дод зад. Аммо намедонист, ки сари дигари рӯи болин сари писараш буд. Фаҳмида, хурсанд шуду ашки шодӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё