Зеҳн
Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа

ҚиссаАфсона
Аз аввал хондан

Зани ӯ дастбазӯрӣ кунад. Нобакор аст касе, ки ба содир кардани чунин гуноҳе азм мекунад. Ӯ мебоист ҷазояшро бинад. Вале барои чӣ ба ҷои ин нобакор зани маъсумаи ӯ ҷазо дид. Ин ҷо сирре ҳаст, албатта. Хӯҷаин чунин фикр карду гуфт:

– Занам ба ман воқеаи шудагиро гуфта дод. Ту ба хонадони ман хиёнат кардан хостӣ. Ана ҳамин гуноҳи азими ту буд, ки зани ширинтар аз ҷонам хокистар шуд. То туро зада-зада, азоб дода, қимақима карда накушам, ҷонам ором намегирад.

– «Аввал пурсиш, баъд кӯшиш» гуфтаанд.
Шумо аз рӯи гуфтаи занатон ҳукм мекунед, гапи маро гӯш кунед, баъд ҳар чӣ ки ба ман раво мебинед, кунед: қима мекунед, ба даруни танӯр мепартоед, инаш кори шумо, – гуфт писари савдогар.

Писари савдогар воқеаи шударо нақл карда гуфт:

– Дирӯз янга маро пеши худ хонданду гуфтанд, ки «дардам сахт, дармони ин дард фақат ту. Агар хоҳиши маро рад кунӣ, бидон, ки ман нобуд мешавам. Агар ба ҳоли ман раҳм накунию рад кунӣ...»

– Бас! Ту чӣ гуфтӣ? – бурид суханони писари савдогарро.

– Ман гуфтам, ки «янга, ақлатонро кор фармоед, фикр кунед, ки оқибати ин чӣ мешавад:
шармандагӣ, хунрезӣ». Он кас ба ман гуфтанд,
ки аз сирри ману ту ягон ҷондор хабардор на-

пешина
аз 161
навбатӣ