Подшоҳ ва духтари оҳангар

Китоб маҷмӯаи афсонаву ривоятҳои халқии тоҷикӣ мебошад. Дар он ҳикояҳо оид ба қаҳрамонон, подшоҳон ва афсонаҳои тарбиявӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 21 сентябри 2026 · 161 саҳифа
рафта, хараму фурӯшаму дастмояи додагиашро зиёд карда биёварам. Вале ҳар дафъа, ки ба бозор мерафтам, назди дарвозаи бозор пирамардӣ дучор мешудам, ки ба бозоракиҳо муроҷиат карда мегуфт, ки як панди судманд дорад, пурарзиштар аз ҳамаи чизҳое, ки дар бозор ҳаст. Нархаш сад танга. Ман ин гапро шунавида, фармудаи падарамро фаромӯш кардаму ба пандхари машғул шудам. Аз ин кори ман падарам сахт ранҷиду маро аз даргоҳаш ронданӣ шуд. Ман ҳам дар сари қаҳр баромада рафтаму кӯҳу дашту деҳу биёбон тай карда, ба ин шаҳр расидам. Ба ин шаҳр расидаму ба бозор даромада, танам сиҳат, дасту поям бутун, дар сафи мардикорҳо нишастам. Ин тараф аз сари ман чӣ гузашт, ба шумо маълум.
Хӯҷаин пурсид:
— Сад танга пули кам не, камаш нархи даҳ гов, даҳто гов давлати калон, агар сето панд харида бошӣ, аз ин харид чӣ манфиат дидӣ?
— Дирӯзу имрӯз манфиат дидам, — гуфт писари савдогар, — манфиате, ки тақдирамро ҳал кард. Дирӯз аз як гуноҳи калон рӯй тофтам, имрӯз аз марг наҷот ёфтам.
Хӯҷаин ин гапҳоро шунавида фикр кард: «аз як гуноҳи калон рӯй тофтам» мегӯяд, пас мехоҳад гӯяд, ки гуноҳе мехостааст кунаду аммо накардааст. Чӣ гуноҳ — маълум. Мехостааст ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё